Ҳаёти нав

Ҳастӣ 1

Худо ҷаҳонро бо қудрати Каломи Худ офарид.

‘Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид. Ва замин дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.’

Каломи Худоро хонед

Ҳастӣ 2–3

Беитоатии инсон ба Каломи Худо лаънати гуноҳ ва маргро овард.

‘Ва осмону замин ва тамоми анбӯҳи онҳо анҷом ёфт. Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт. Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.’

Каломи Худоро хонед

Забур 19

Каломи Худо гаронбаҳотарин ганҷест, ки дорем.

‘Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд, исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад; Аз қудс ба ту мадад фиристад, ва аз Сион ба ту ёварӣ намояд;’

Каломи Худоро хонед

Ишаъё 55

Каломи Худо бемуваффақ намешавад ва қодир аст иродаи Худоро ба амал оварад.

‘«Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед! Ва эй онҳое ки нуқра надоред, биёед, бихаред, ва бихӯред! Ва омада, бе нуқра ва бе баҳо шароб ва шир бихаред! Чаро нуқраро барои он чи нон нест, ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад, сарф менамоед? Маро бодиққат бишнавед, ва чизҳои хубро бихӯред, то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад.’

Каломи Худоро хонед

Юҳанно 1

Исо Каломи Худо аст, ки инсон шуд.

‘Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. Вай дар аввал бо Худо буд ва ҳама чиз ба воситаи Калом офарида шуд ва бе Ӯ ягон чизи офаридашуда пайдо нашуд. Дар Калом ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон нур буд.’

Каломи Худоро хонед

Матто 5–7

Каломи Худо ҳаргиз тағйир намеёбад ва асоси зиндагии мост.

‘Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои кӯҳе баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд, Ӯ ба таълим додан оғоз кард: «Хушбахтанд касоне, ки муҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост!’

Каломи Худоро хонед

Ваҳй 22

Шунидан ва нигоҳ доштани Каломи Худо баракат меорад.

‘Сипас, фаришта ба ман дарёи оби ҳаётро нишон дод, ки аз тахти Худову Барра, яъне Исо ҷорӣ мешуд. Дарё мисли шиша софу шаффоф буд ва аз миёнаҷойи кӯчаи шаҳр мегузашт. Дар ҳар ду лаби дарё дарахти ҳаёт мерӯйид ва он дувоздаҳ бор мева медод, яъне ҳар моҳи сол ҳосил меовард. Баргҳои дарахт барои шифо ёфтани халқҳо дармон буданд. Инак дар он ҷо ҳеҷ лаънате намешавад. Тахти Худову Барра дар шаҳр меистад ва хизматгоронаш ба Ӯ хизмат хоҳанд кард.’

Каломи Худоро хонед
Scroll to Top